Ссылки доступа

Президенти Қазоқистон дастури кӯмак ба қарздорони бонкҳоро дод


Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон рӯзи 16 ноябр дар як ҷаласа ба ниҳодҳои дахлдори кишвараш дастур дод, ки барои кӯмак ба қарздорони бонкҳо "бидуни зиён расонидан ба бахши молӣ" чораҷӯӣ карда шавад.

"Дар моҳи сентябр дар шаҳри Алмато ҳангоми иҷборан берун кардан аз манзил фоҷеа рух дод, ки ҷомеаи моро мушавваш сохт. Ин ҷиноятест, ки касе наметавонад онро сафед созад. Мо дар кишвари ҳуқуқбунёд зиндагӣ мекунем ва ҳар масъалаи баҳсӣ бояд, дар асоси қонун ҳал шавад. Касе ҳақ надорад, ки худсарона ҳукм барорад. Ин фоҷеа зарурати ҳалли муназзами масъалаи қарздорони бонкҳоро ошкор кард, ки имкони пардохти қарзро надоранд", - гуфт Тоқаев.

Ба иттилои вай, айни замон 540 ҳазор қазоқистонӣ натавонистаанд, қарзи бонкро сари вақт пардозанд ва аз бокнҳо 354 миллиард танга қарздор шудаанд.

"Бояд, бидуни зарар расонидан ба бахши молӣ, барои кӯмак ба қарздорон чораҷӯӣ шавад", - гуфт вай.

Рӯзи 20 сентябр дар шаҳри Алматои Қазоқистон ҳангоми иҷборан аз хона берун кардани як оила панҷ кас кушта шуд. Пулис гуфт, марди 54-солаи аз бонк қарздор аз силоҳ оташ кушод, ки дар натиҷа ду пулис, судиҷрочӣ, соҳиби нави манзил, ки хонаро тариқи музояда харида буд ва як ошнои вай кушта шуданд.

Игор Дужнови 54-сола барои ду моҳ ба ҳабс гирифта шуд. Дужно гуфт, "беқонунӣ ва худсарии додгоҳ" боис шуд, ки вай ба хашм ояд ва чунин ҷиноятро содир кунад.

XS
SM
MD
LG