Сухангӯи Додситонии кулли Узбекистон Ҳаёт Шамсутдинов хабар дод, ки зидди нозири пешин ба хотири тасарруфи $7,5 ҳазор амрикоие, ки барои дигарон ҳамчун қарз ҷудо шуда буд, бо бандҳои "Қаллобӣ" ва "Сохтакорӣ" парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.
"Сардорбек Отабоев бо сабабҳои гуногун ба бозпурсӣ ҳозир нашуд ва бинобар ин, ӯ 14 ноябри соли равон ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, тафтишот идома дорад", - афзуд манбаъ.
Сухангӯи Вазорати умури дохилии Узбекистон Ш. Ғиёсов низ қаблан боздошти нозири пешинро тасдиқ карда буд.
Отабаев дар муроҷиатномаи худ ба унвони вазири узбек аз маҳалгароӣ, хешутаборбозӣ, сӯистифода аз мақом дар идораи пулиси Намангон шикоят кард. Ӯ баъди ин шикоят бедарак шуд.