Ссылки доступа

Оташбаси Арманистон ва Озарбойҷон бо миёнаравии Русия


На одном из постов армянских сил в Нагорном Карабахе

Вазорати дифои Арманистон хабар дод, ки Ереван ва Боку дар мавриди қатъи оташкушоӣ дар марзи ду кишвар ба созиш расиданд.

"Ҷонибҳо бо миёнаравии Москва барои қатъи оташкушоиҳо дар манотиқи марзӣ аз соати 18:30 ба вақти маҳаллӣ, ба созиш расиданд. Вазъ ба эътидол омадааст", - хабар дод Вазорати дифои Арманистон.

Вазорати дифои Русия низ пештар иттилоъ дода буд, ки даргириҳо дар марзи Арманистон ва Озарбойҷон қатъ шуданд.

Қаблан Арманистон дар пайи оғози дубораи даргириҳо дар марз бо Озарбойҷон аз Русия дархост кард, ки барои ҳимояти тамомияти арзияш кумак кунад. Ереван созишномаи дуҷониба бо Москваро аз соли 1997 дар ин замина ёдовар шуд. Котиби Шӯрои амнияти Арманистон Армен Григорян гуфт, Ереван мунтазири кумаки Русия дар мавриди барқарории тамомияти арзии худ аст. Сухан аз кумаки низомӣ меравад.

Боку ва Ереван рӯзи сешанбе якдигарро ба оташкушоӣ дар марзи ду кишвар айбдор карданд. Вазорати дифои Озарбойҷон гуфт, дар натиҷаи оташкушоии нерӯҳои Арманистон ду сарбози ин ниҳод захмӣ шудааст. Арманистон дар навбати худ гуфт, нерӯҳои Озарбойҷон нахустиншуда ба ҳудуди ин кишвар ҳамла карданд.

XS
SM
MD
LG