Ссылки доступа

Омбудсмени қирғиз мегӯяд, мунтазири посухи Тоҷикистон аст


Идораи ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон гуфтааст, ба муроҷиати худ ба унвонии Умед Бобозода, омбудсмени Тоҷикистон роҷеъ ба боздошт шудани Саидаҳмад Ортиқов ҳанӯз посухе нагирифтааст.

Дар Идораи ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин муроҷиатнома ба унвони ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва ҳамзамон ба Вазорати умури хориҷии кишвар фиристода шудааст.

Саидаҳмад Ортиқов ва Нуъмон Самадов, ду шаҳрванди Қирғизистонро моҳи сентябри имсол марзбонони тоҷик дастгир кардаанд.

Дар баёнияи ҷониби Қирғизистон омадааст, “Наргиза Ортиқова, ҳамсари Саидаҳмад Ортиқов, мегӯяд, шавҳари ӯ ва домодаш Нуъмон Содиқов то кунун ба хона барнагаштаанд ва дар бораи онҳо ҳеҷ хабаре нест, вале иттилое дар даст ҳаст, ки онҳо дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд нигаҳ дошта мешаванд ва онҳоро шиканҷа мекунанд. “

Сарчашмаи ҳамаи ин парвандаву боздоштҳо муноқишаҳои хунин дар марзи Тоҷикистон дар моҳи апрел аст. Дар низоъе, ки аз 28-уми апрел то рӯзи 29-уми апрел идома кард, аз ҳарду тараф 55 нафар кушта шуданд ва даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Хонаву моликияти зиёде аз байн рафт.

Душанбе ва Бишкек ҳамдигарро ба барангехтани ин низоъ муттаҳам карданд, ки сабабаш таъйину аломатгузорӣ нашудани марз ва даъво барои обу замин аст. Ҳарду тараф барои тафтиши низоъ парвандаҳои ҷиноӣ боз карданд, вале то кунун дар бораи ҷараёни тафтиш ҳеч кадоме гузорише надодааст.

XS
SM
MD
LG