Дар ин бора мудири Департаменти коркарди нафт, нафткимиё, нигаҳдорӣ ва интиқоли маҳсулоти нафтӣ дар Узбекистон Хушнудҷон Маҳмудҷонов 16 ноябр дар як нишасти хабарӣ дар Тошканд хабар дод.
Ба гуфтаи вай, "Узбекнафтгаз" дар мавриди истеҳсоли бензини АИ-80 стратегияи худро дорад.
"Мо қатъи тадриҷии истеҳсоли бензини АИ-80-ро аз соли 2022 баррасӣ дорем", - изҳор дошт Маҳмудҷонов.
Бензин АИ-80 дар миёни ронандагони Узбекистон ҳамчун дастрастарин сӯзишворӣ маъруф аст. Ба иттилои расмӣ, ин навъи бензин ҳоло дар он кишвар ҳудуди 63 сент фурӯхта мешавад.