Ссылки доступа

Мухолифи бедаракшудаи туркман дар ватан "пайдо" шуд


Мухолифи туркман Озод Исоқов
Мухолифи туркман Озод Исоқов

Мухолифи туркман Озод Исоқовро, ки дар Русия бедарак шуда буд, ба шаҳри Ишқободи Туркманистон бурдаанд.

Бахши туркмании Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаи худ дар пулиси Туркманистон хабар дод, ки Исоқов нахуст ба Туркманобод ва баъди чанд соати нигаҳдорӣ дар идораи пулис ба Ишқобод фиристода шудааст.

"Исоқов бо ҳавопаймои "Ил-76" дар фурудгоҳи Туркманобод фуруд омад. Сарфи назар аз қатъи парвози ҳавопаймоҳои мусофирбар ҳавопаймои борбар ҳафтае як бор дар масири Москва-Туркманобод-Москва парвоз мекунад. Ӯ тавассути яке аз ин ҳавопаймоҳо парвоз кардааст", - гуфт як манбаи радио дар фурудгоҳи Туркманобод 16 ноябр.

Исоқов 20 октябри соли равон ба дустони худ паём фиристодааст, ки ба маҳалли зисти ӯ кормандони пулис омадаанд ва ӯ талош дорад, ки пинҳон шавад. Сипас тамос бо ӯ қатъ шуд.

Вазорати корҳои дохилии Русия 9 ноябр ба дархост дар бораи муайян кардани маҳалли будубоши Исоқов посух дод. Муовини сардори идораи фаврӣ-ҷустуҷӯии вазорати умури дохилии Русия Михаил Карпунин дар посухи расмӣ гуфт, фаъоли туркман 22 октябри имсол аз фурудгоҳи шаҳри Москва ба Туркманободи Туркманистон парвоз кард.

Карпунин пешниҳод кардааст, ки барои муайян кардани маҳалли будубоши минбаъдаи фаъоли туркман ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркманистон муроҷиат кунанд.

XS
SM
MD
LG