Ссылки доступа

Беҳзод Мусоев вазири тандурустии Узбекистон таъйин шуд

Беҳзод Мусоев
Беҳзод Мусоев

Собиқ раиси Кумитаи давлатии андоз ва муовини пешини сарвазири ин кишвар Беҳзод Мусоев вазири тандурустии ин кишвар таъйин шудааст.

Як манбаи бахши узбекии Радиои Озодӣ дар Вазорати тандурустии Узбекистон гуфт, дар ҳоли ҳозир нигарониҳо вуҷуд дорад, ки Мусоев дар рӯзҳои наздик "одамони худ"-ро дар ин ниҳод, бахсус дар вазифаҳои роҳбарӣ ба кор ҷалб хоҳад кард.

Корбарони узбек дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз таъйин шудани Мусоев ба мақоми вазири тандурустӣ интиқод карда, гуфтаанд, ӯ "муҳосиб"-и боэътимоди сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов ва ҷузъи муҳими занҷираи фасодкорӣ дар мақомоти болии он кишвар аст.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, Мусоев сарфи назар аз муовини сарвазир буданаш масъалаҳои бузурги молӣ, аз ҷумла тасмимҳои ҷудо кардани маблағ дар робита ба мубориза бо коронавирусро дар Вазорати тандурустии Узбекистон "ҳаллу фасл" мекард.

Беҳзод Мусоев замоне бо гумони "азхудкунии маблағ", "созиш бар хилофи манфиатҳои давлати Узбекистон", "гурез аз пардохти андоз", "нигаҳдории ғайриқонунии асъори хориҷӣ" ва "сӯистифода аз мақоми хидматӣ" таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошт.

Баъди сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар Узбекистон бори панҷум аст, ки вазири тандурустии ин кишвар иваз мешавад.

XS
SM
MD
LG