Ссылки доступа

Назарбоев хост, кумакҳо ба Афғонистон тавассути Қазоқистон расонида шаванд


Президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 17 ноябр дар як ҳамоиш дар шаҳри Нурсултон гуфт, ки кишвараш омодааст, ҳаҷми кумакҳои башардӯстонаи ғизоиро ба Афғонистон афзоиш диҳад.

Вай муттаҳидсозии талошҳои байналмилалӣ барои эътидоли вазъ дар Афғонистонро зарур шумурда, изҳор дошт, ки Қазоқистон таҷрибаи хуби бозидани нақши "маркази муҳим"-ро дар ин замина дорад.

"Мо қабл аз ин бо ҷаноби Ҳомид Карзай (президенти пешини Афғонистон) ҳамкориро оғоз карда будем ва садҳо донишҷӯи афғонистонӣ дар донишгоҳҳои Қазоқистон таҳсил карда, соҳиби диплом ва тахассус шуданд. Ҳамеша кумаки башардӯстона мефиристодем ва ҳоло ҳам омодаем", - изҳор дошт Назарбоев.

Назарбоев гуфт, СММ ташаббуси Нурсултон барои ташкили маркази интиқоли кумакҳои башардӯстона ба Афғонистонро дар шаҳри Алматои он кишвар ҷонибдорӣ кардааст. Ӯ ҳамчунин аз сафари ҳайати Қазоқистон ба шаҳри Кобул ва "интиқоли 5 ҳазор тонна орди қазоқӣ ба мардуми Афғонистонро ёдоварӣ намудааст".

XS
SM
MD
LG