Ссылки доступа

Амрико ҳукумати Тоҷикистон... ва "Толибон"-ро танқид кард


Иёлоти Муттаҳида дигарбора ҳукумати Тоҷикистонро ба маҳдуд кардани озодиҳои динӣ танқид кард.

Энтони Блинкен, котиби давлатии Амрико, рӯзи 17-уми ноябр дар изҳороте гуфт, Тоҷикистон дар қатори Бирма, Чину Эрон, Покистон, Русия ва Саудӣ дар феҳрасти "кишварҳои мавриди нигаронии хос" ҷой дорад. Ин ҳукуматҳо, ба гуфтаи ӯ, дар "вайронкуниҳои давомдор ва дағалонаи озодиҳои динӣ" даст доранд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ба изҳороти нави мансабдори баландпояи Амрико вокуниш накардаанд, вале дар гузашта арзёбиҳои ҳамсонро "ноодилона" хонда буданд.

"Ман, инчунин, Алҷазоир, Куба ва Никарагуаро ба рӯйхати ҳукуматҳое дохил мекунам, ки ба вайронкуниҳои ҷиддии озодии динӣ машғуланд ва ё ин вазъро таҳаммул мекунанд", -- афзуд Блинкен.

Вай ҳамзамон илова кард, ки "дар бисёре аз ҷойҳо, дар саросари ҷаҳон, ҳукуматҳо шахсони алоҳидаро танҳо барои он ки мувофиқи бовари худ зиндагӣ мекунанд, таъқиб карда, ба ҳабс мегиранд, таҳдид мекунанд, ба зиндон меандозанд ва мекушанд."

Иёлоти Муттаҳида гуруҳҳои "Аш-Шабоб", "Боко Ҳарам", "Ҳаёт Таҳрир аш-Шом", ҳусиҳо, ДОИШ, "Ҷамоати Наср ал-ислом вал-муслимин" ва "Толибон"-ро ҳамчун созмонҳои "мавриди нигаронии хос" арзёбӣ намудааст. "Толибон" аз моҳи августи имсол, пас аз берун рафтани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, қудрат дар ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистонро ба даст дорад.

"Мушкилоти вобаста ба озодии дин дар ҷаҳон сохторӣ ва амиқ шудааст. Ин вазъ аз шахсоне, ки нафрату таҳаммулнопазирӣ ва таъқиботро ҳамчун ҳолати маъмулӣ қабул кардан намехоҳанд, устувориро талаб менамояд. Таваҷҷуҳи фаврии ҷомеаи ҷаҳониро талаб мекунад", -- гуфт Энтони Блинкен.

Котиби давлатии Амрико афзуд, минбаъд низ ба ҳамаи ҳукуматҳо фишор меоранд, то рафтори худ ва камбудҳоро дар қонун ислоҳ карда, шахсони гунаҳкорро ба ҷавобгарӣ кашанд.

"Иёлоти Муттаҳида аз масъулиятҳои худ дар мавриди ҳимоят аз озодии дин ё эътиқод барои ҳама ва дар ҳар кишвар даст нахоҳад бардошт", -- хулоса кард Блинкен.

XS
SM
MD
LG