Акмал Ҳоҷиеви 27-сола бо Миран Рибатӣ дуст буданд. Рибатӣ 7 ноябр ба хонаи Ҳоҷиев меравад ва ҳар ду дар бораи ваксинаи зидди коронавирус ва паёмадҳои он бо ҳам баҳс мекунанд.
Баҳси ҷонибҳо ба занозанӣ печида, Ҳоҷиев Рибатиро чанд корд мезанад.
Шаҳрванди Узбекистон бидуни муқобилият худро ба кормандони пулис таслим ва иқрор мекунад, ки табибро ӯ куштааст.
Ҳоҷиев зодаи шаҳри Самарқанди Узбекистон буда, дертар ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия кучидааст. Давоми се соли ахир дар Гуам тамрин ва зиндагӣ мекард.