Ссылки доступа

Барқи як маҳаллаи Бишкекро ба иллати қарздорӣ хомуш карданд


Ширкати "Северэлектро"-и Қирғизистон 16 ноябр интиқоли нерӯи барқ ба маҳаллаи "Олтин-Казик"-ро дар канори шаҳри Бишкек ба иллати қарздорӣ қатъ кард.

Хадамоти матбуотии ширкат гуфт, сокинони маҳалла ҳудуди 3,5 ҳазор доллари амрикоӣ аз пули барқ қарздор шудаанд.

Ба огаҳии "Северэлектро", маҳаллаи мазкур аз нигоҳи санадгузорӣ мушкил дошта, ширкат наметавонист бо сокинони он бевосита шартнома бандад. Бинобар ин, бо шаҳрванди Қирғизистон Келдибекова Ж. шартнома имзо шуда, ба "Олтин-Казик" барқ интиқол дода мешуд.

Тибқи қарордод, Келдибекова вазифадор буд, ки пули нерӯи барқро саривақт ҷамъоварӣ карда, ба ширкат супорад. Вале қарзи ӯ дар назди ширкат афзоиш ёфта, то ба 301 527 сом расидааст. Ширкат баъди чандин бор огаҳ кардани Келдибекова интиқоли барқро қатъ кардааст.

Сокинони маҳаллаи мазкур шоми 17 ноябр дар эътироз ба хомуш шудани нерӯи барқашон роҳи мошингардро бастанд. Пулиси маҳаллӣ хабар дод, ки баъди гуфтугӯ бо сокинон роҳ дубора боз шуд.

XS
SM
MD
LG