Ба огаҳии Раёсати тандурустии вилоят, ҳодиса дар деҳаи Жалпактоб рухдодааст. Наврас барои таъмири бом, ки дар натиҷаи шамол осеб дида буд, мебарояд ва шамол ӯро низ ба замин мепартояд. Наврас то омадани мошини "ёрии таъҷилӣ" ҷон додааст.
Раёсати тандурустии Ҷамбул иттилоъ додааст, ки ҷамъан то имрӯз 53 кас барои ёрии тиббӣ муроҷиат кардааст. Чаҳор сокини вилоят, ки дар натиҷаи шамоли сахт осеби ҷиддӣ дидаанд, бистарӣ карда шудаанд.
"Бештари муроҷиаткунандаҳо дар натиҷаи афтодани тиреза, дарахт ва дар осеб дидаанд", - афзудааст манбаъ.
Дар вилояти Ҷамбули Қазоқистон шаби 17 ноябр шамоли сахт вазидааст.