Ссылки доступа

Президенти Қирғизистон гуфт, "ташкили гирдиҳамоиҳо ба ғасбкорони замин кӯмак намерасонад"


Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон рӯзи 18 ноябр дар назди бинои дастгоҳи президент бо сокинони маҳаллаи "Жер-Интимак"-и Бишкек мулоқот кард, ки бо ҳадафи гирдиҳамоӣ ҷамъ шуда буданд.

Сокинон аз Ҷабборов хостанд, дар қонунӣ гардонии манзилҳояшон кӯмак расонад.

"Минтақае, ки маҳалли зист онҷо ҷойгир аст, расман минтақаи муҳофизатӣ-беҳдоштӣ ба ҳисоб меравад. Онҷо 1300 манзил сохта шуда ва ҳазорон сокин ба далели надоштани қайди ҷои зист наметавонанд, аз хидматрасониҳои давлатӣ истифода кунанд. Сокинон гуфтанд, дар тамоми муддати зист (15 сол) бадшавии вазъи сиҳатиашон эҳсос накардаанд", - хабар доданд аз маркази матбуотии президенти Қирғизистон.

Ҷабборов ваъда дод, мутахассисон вазъро месанҷанд ва баъдтар дар ин бора тасмим гирифта хоҳад шуд.

Президенти Қирғизистон ҳамзамон гуфт, ки гирдиҳамоӣ барои ҳалли мушкили мазкур ба "ғасбкорони замин" кӯмак намерасонад. "Онҳое ки бо роҳҳои ғайриқонунӣ заминро ғасб кардаанду акнун тавассути гирдиҳамоиҳо мехоҳанд, онро қонунӣ гардонанд, ба ҷое намерасанд. Гирдиҳамоиҳо вазъро беҳ намесозанд. Аз ин ба баъд чунин бетартибӣ нахоҳад шуд, ки заминҳоро худсарона ғасб кунанд. Нисбати касоне, ки қонуншиканӣ мекунанд, чораҷӯӣ хоҳад шуд", - гуфт вай.

Бисёре аз заминҳо барои сохтани манзил дар он кишвар баъди соли 2005 ғасб шуда, аз даст ба даст гузаштаанд.

XS
SM
MD
LG