Ссылки доступа

Дар Узбекистон 3200 кас барои ваксина нагирифтан аз кор озод шуданд


Хадамоти санитарӣ-эпидемиологиии вилояти Тошканди Узбекистон дар робита ба иҷрои қарори эмшавии ҳатмии кормандони баъзе аз корхонаҳо санҷиш гузаронидааст.

Дар натиҷаи санҷиш муайян гаштааст, ки 6526 нафар, аз ҷумла 1402 корманди ширкатҳо ва 5035 корманди корхонаҳои буҷавӣ зидди коронавирус эм нашудаанд.

Ба иттилои хадамот, 3200 нафари ин эмнашудаҳо муваққатан аз кор озод ва 374 тани дигар ҷарима карда шудаанд.

Сардухтури беҳдоштии Узбекистон моҳи июли имсол эмшавии кормандони як қатор корхонаҳои ин кишвар, аз ҷумла марказҳои хидматрасонӣ ва савдо, варзишӣ, фароғатӣ ва истироҳатиро ҳатмӣ эълом карда буд.

XS
SM
MD
LG