Ссылки доступа

Як ширкати Ҳонг Конг гуфт, дар Тоҷикистон биткойн месозад


Як ширкати технологии мустақар дар Ҳонг Конг эълон кард, ки санадеро дар бораи сохтани зербунёди лозим барои коркарди пули диҷиталӣ аз ҷумла Биткойн дар Тоҷикистон имзо кардааст.

“Лайон Ҳолдинг Груп” бо нашри як баёнияи расмӣ дар рӯзи 18-уми ноябр гуфт, ёддошти ҳусни тафоҳум бо ширкати таҳти “Ню Фулл Рич” имзо шудааст, ки молики ширкати “Ганҷ Текнолоҷӣ” дар Тоҷикистон аст.

Бар асоси ин санад, ду тараф ба Тоҷикистон технологияву компютерҳои қавии лозим барои коркарди пули диҷиталӣ меоранд ва насб мекунанд. Қарор аст, ин тарҳ дар семоҳаи аввали соли оянда иҷро шавад ва даромади солонаи он на камтар аз 25 миллион доллар хоҳад буд.

“Ню Фулл Рич” ширкатест, ки ба сохтани зербунёдҳо ва раҳандозии манобеи коркарди пулҳои рақамӣ машғул аст ва соҳиби ширкати ношиносе бо номи “Ганҷ Текнолоҷӣ” мебошад.

Ба гуфтаи “Лайон Ҳолдинг Груп” ширкати “Ганҷ Текнолоҷӣ” ризоияту ҳимояти ҳукумати Тоҷикистон аз ҷумла дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ва 12 идораву вазоратҳоро ба даст овардааст. Марҳилаи аввали тарҳ ва ё “конҳои истихроҷи пули рақамӣ” дар яке аз манотиқи озоди тиҷоратии Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Барои коркарди пулҳои диҷиталӣ, ки ҳоло на дар ҳама кишварҳои ҷаҳон қабул мешавад, компютерҳои қавӣ ва нерӯи барқи зиёд лозим аст. Вилсон Ванг, мудири “Лайон Ҳолдинг Груп” гуфтааст, ки “Тоҷикистон аз назари захираҳои об мавқеи хосе дорад, ки барои рушди саноати коркарди пули рақамӣ бисёр муҳим аст. ”

Дар Тоҷикистон нерӯи барқ дар муқоиса ба кишварҳои дигари минтақа арзонтар аст, чун аз нерӯгоҳҳои обӣ ҳосил мешавад. Ба қавли Вилсон Ванг, дар сурати иҷрои тарҳ, раҳандозии коркарди пули рақамӣ дар Осиёи Марказӣ қадами дигари ширкати онҳо дар арсаи истихроҷ ва ё коркарди пули рақамӣ дар ҷаҳон мешавад.

Дар ёддошти ҳусни тафоҳум ҳамчунин гуфта шудааст, ки дар сурати насби 10 000 мошини коркарди пули рақамӣ, ширкати “Лайон” интизор дорад, ки рӯзона то 3.38 биткойн ҳосил мекунад ва бар асоси қимати имрӯзаи ин пули рақамӣ даромади рӯзона 220 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Айни замон як биткойн бо пули оддӣ бештар аз 60 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Дар сурати дуруст пеш рафтани ҳама кор ба гуфтаи ширкат мумкин аст, даромади солона аз ин тарҳ 62 миллион долларро ташкил диҳад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки биткойн дар қонунгузории Тоҷикистон ҳамчун воситаи муомилот эътироф нашудааст ва ҳамагуна муомилаҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳатман бо сомонӣ сурат мегиранд. Ҳоло маълум нест, ки қонунгузорӣ барои иҷрои ин тарҳ дар Тоҷикистон ислоҳ мешавад, ё не. Радиои Озодӣ дар сурати ба даст овардани шарҳи ширкати “Ганҷ Текнолоҷӣ” онро ҳатман ба шумо мерасонад.

XS
SM
MD
LG