Ссылки доступа

Қирғизистон қабули то 3000 гурезаи афғонро тамрин мекунад


Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон иттилоъ додааст, ки дар ин кишвар размоиши махсуси қабул, ҷойгиркунӣ ва таъмини ҳамаҷонибаи гурезаҳо бо маводи лозимӣ оғоз шудааст.

Ба огаҳии вазорат, низоми давлатии ҳимояти шаҳрвандони Қирғизистон қабули беш аз 3 ҳазор гурезаро тамрин мекунад.

Размоиш рӯзҳои 19 ва 20 ноябри соли равон баргузор ва дар вилоятҳои Ӯш, Ҷалолобод ва Бодканди Қирғизистон хаймаҳо насб карда мешаванд. Шеваҳои қабул ва ҳамроҳии гурезаҳо, бо шумули раванди бақайдгирӣ ва риояи расмиёти дахлдор намоиш дода мешавад.

Дар размоиш раҳбарони се вилоят, вазоратхонаҳо ва намояндагони Хадамоти ҳимояти шаҳрвандони Қирғизистон иштирок мекунанд.

Жипара Мамбетова, як масъули Вазорати тандурустии Қирғизистон дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ин кишвар метавонад то 1200 гурезаи қирғизтабори Афғонистонро қабул кунад.

XS
SM
MD
LG