Ссылки доступа

"Бедодгарӣ"-ҳои вируси хатарноки ҳайвон дар ғарби Қазоқистон

Дар деҳаи Бестамаки ноҳияи Алғаи вилояти Оқтеппаи Қазоқистон бемории хатарноки пой ва даҳон дар ҳайвонҳо ба қайд гирифта шудааст, ки метавонад ба одам ҳам сироят кунад.

"Ҳайвонҳои мубталошуда ғизо истеъмол карда наметавонанд ва дар ду рӯз лоғар мешаванд. Бархеҳо ҳайвонҳои беморро забҳ карда, гӯшташро мефурӯшанд", - изҳор дошт сокини Бестамак Салтанат Нургалиева.

Муовини сардори идораи байториии Оқтеппа Исо Бозор ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, гӯшти ҳайвонҳоеро, ки ба бемории пой ва даҳон гирифтор шудаанд, набояд истеъмол кард.

Мақомоти маҳаллии Ағла барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории мазкур барномаи эмкунии фаврии ҳайвонҳоро ба роҳ мондаанд. Дар ҳоли ҳозир дар ин ноҳия 8000 чорво эм карда шудааст.

XS
SM
MD
LG