Ссылки доступа

Мақомоти украинӣ аз эҳтимоли ҳамлаи Русия ба ин кишвар хабар доданд


Русия эҳтимол моҳи феврал ё январи соли оянда ба Украина ҳуҷум кунад.

Дар ин бора Кирилл Буданов, раҳбари Хадамоти кашфи Украина дар суҳбат бо нашрияи “Military Times” гуфтааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло Русия дар марзаш бо Украина беш аз 92 ҳазор низомиёнро ҷой кардааст.

Ин мақомдори украинӣ гуфтааст, ки дар қиёс ба соли 2014 ин ҳамлаи Русия бузургтар хоҳад буд. Русия соли 2014 дар пайи чунин ҳамлае хоки Қрими Украинаро шомили Русия карда буд. Ҳоло Русия ба кӯмаки ҷудоиталабон дар Донбас муттаҳам мешавад. Мақомоти ин кишвар инро рад мекунанд.

Буданов гуфтааст, ки эҳтимол ҳамла тариқи ҳавопаймоҳои низомӣ сурат бигирад ва ҳадаф Одеса ва Мариупол бошад.

Аксари сисатмадорони Русия, аз ҷумла Путин ин минтақаҳоро “Русияи нав” меноманд. Пеш аз ин дар бораи ҳамлаи Русия ба Украина матбуоти амрикоӣ хабар дода буданд. Ҳарчанд, он вақт гуфта мешуд, ки ин танҳо як нақша аст ва Русия ба қарори ниҳоӣ нарасидааст. Ба навиштаи матбуот, Русия мехоҳад ё қисме аз Украинаро қаламрави худ созад ва ё дар ин кишвар ҳукумати ҷонибдори худро сари кор орад.

Мақомоти кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла кишварҳои узви созмони низомии НАТО аз ин вазъ нигаронанд ва ба Русия ҳушдор додаанд. Дар Русия ҳамагуна омодагии ҳамла ба Украинаро рад мекунанд.

Русия ва Украина солҳо боз муносибати сард доранд.

XS
SM
MD
LG