Ссылки доступа

Таассӯфи сухангӯи Путин аз маркази "харитаи ҷаҳони туркӣ" эълом нашудани Олтой


Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия Владимир Путин ба президенти Туркия тақдим шудани "харитаи ҷаҳони туркӣ"-ро шаҳр дод.

Песков гуфт, бояд маркази дунёи туркӣ дар Русия, дар Олтой ҷой мегирифт.

Вай ҳамзамон афзуд, Туркия идеяи ваҳдати туркиро "рушд" медиҳад ва "ин хуб аст". "Танҳо чизе, ки метавон таассӯф хурд, ин аст, ки дар маркази харитаи дунёи туркӣ ситораи сурх ҷо дода нашудааст. Ин марказ на дар Туркия, балки дар ҳудуди Русия, дар Олтой аст. Инҷо маркази муқаддас барои ҳар кадом турк аст, ки аз онҷо сарчашма мегиранд. Инро ман ҳамчун туркшинос мегӯям" - илова кард Песков.

Ҳафтаи гузашта раиси Ҳизби ҳаракати миллии Туркия Давлат Бахчелӣ ба президенти он кишвар Раҷаб Эрдуғон харитаи дунёи туркиро тақдим кард. Дар он харита қисме аз ҳудуди Русия имрӯзӣ - Шимоли Қафқоз, кишвар Краснодари Русия, қисме аз вилояти Ростов, Поволже, Сибири Шимолӣ ва Ёқутистон шомил шудаанд.

Ба ҷуз аз кишварҳои Осиёи Марказӣ (ба истиснои Тоҷикистон), қисме аз ҳудуди Балкан ва Аврупо ва минтақаи худмухтори Шинҷону Уйғури Чин низ дар харита ворид карда шудааст.

XS
SM
MD
LG