Вазорат мехоҳад, қимати сӯзишвории дизелӣ ва бензини навъи Аи-80, Аи-92-ро зери назорат гирад. Ин муҳлат мумкин аст, 90 рӯзро дар бар гирад.
Бино ба тарҳи мазкур, дар сурати якборо боло рафтани қимати бензин ба андозаи 20%, давлат ба қимати маводи сӯхт дахолат мекунад.
Эътилофи воридкунандагони нафти Қирғизистон хабар дод, ки қимати маводи сӯхт дар он кишвар мумкин аст, дар рӯзҳои оянда боло равад. Ин эътилоф гуфт, болоравии қимати сӯзиворӣ ба гароншавии нафт дар бозори ҷаҳонӣ ва камчинии он рабт дорад.
Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон бензини навъи Аи-92 56-57 сом фурӯхта мешавад. Ин дар ҳолест, ки аз баста шудани бархе аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар он кишвар иттилоъ мерасад.