Ссылки доступа

Нишасти вазирони хориҷии ИА ва Осиёи Миёна дар Душанбе пушти дарҳои баста идома дорад


Субҳи 22-юми ноябр дар шаҳри Душанбе 17-умин нишасти вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ оғоз шуд.

Дар ин нишаст Вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Ҷозеф Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Ютта Урпилан, узви Комиссияи Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ширкат доранд.

Ба иттилои хабарнигорони Радиои Озодӣ аз маҳали баргузории нишаст дар "Кохи Сомон", ҷаласа пушти дарҳои баста ва бе ҳузури хабарнигорон идома дорад. Гуфта мешавад, ки вазъи Афғонистон аз мавзуъҳои меҳварии ин нишаст мебошад. Дар назар аст, ки нишаст то нисфирузӣ идома кунад ва дар бораи натиҷаҳои он изҳорот пахш шавад.

Сафари Ҷозеф Боррел, ҳамоҳангсози сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон то рузи чаҳоршанбеи 24-уми ноябр идома мекунад ва интизор меравад, ки ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ мулоқот кунад. Масъулини Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтанд, Ҷозеф Боррел имрӯз бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам мулоқот хоҳад кард.

Ҳамоиши Душанбе 17-умин нишасти вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ мебошад. Нишасти вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҳар сол баргузор мешавад.

Нишасти вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар шароите баргузор мешавад, ки нигарониҳо аз вазъи тағйирёбанда дар Афғонистон бештар мешавад.

Дар ҳамин ҳол, созмони Дидбони ҳуқуқи башар (HRW) мақараш дар Ню-Йорк аз Иттиҳоди Аврупо хостааст, ки кишварҳои Осиёи Марказиро барои поён додан ба нақзи ҳуқуқи башар ва анҷоми ислоҳот таҳти фишор қарор бидиҳад.

Ҳуг Виллигсон, масъули ин созмон барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар баёнияе гуфт, "бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ дар вокунишҳои ҷаҳонӣ ба буҳрони Афғонистон нақши муҳиме мебозанд, аммо нигарониҳо аз нақзи ҳуқуқи башар дар дохили ин кишварҳо дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад".

Ба гуфта ин гурӯҳ, ваъдаҳои ислоҳот дар кишварҳое монанди Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон мутаваққиф шуда ё ба таъхир афтодааст ва вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ва Туркманистон бадтар мешавад.

XS
SM
MD
LG