Ссылки доступа

Дар як моҳи охир дар Узбекистон 2 сокин баъди бохт дар қимор худкушӣ карданд


Як сокини вилояти Фарғонаи Узбекистон баъди бохти наздики 1600 доллар дар қимор худкушӣ кардааст.

Ба иттилои додстони кулли он кишвар, ин ҳодиса рӯзи 15 ноябр рух додааст. Сокини 28-солаи вилоят дар маҳаллаи "Пишкарон"-и ноҳияи Данғара зиндагӣ мекард. Вай дар манзили зисташ худро ба дор овехтааст.

Ҳафтаи гузашта расонаҳои Узбекистон аз худкушии як омӯзгори Донишгоҳи давлатии Фарғона дар қабристон хабар доданд. Ба иттилои расонаҳо, омӯзгор баъди бохти 5 ҳазор доллар дар қимор даст ба чунин коре задааст.

XS
SM
MD
LG