Ссылки доступа

CIT: низомиён ва техникаҳои ҳарбии Русия дар марз бо Украина бештар мешаванд


Таҳлилгарони "Conflict Intelligence Team" аксу наворҳои наверо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо кардаанд, ки ҳаракати низомиён ва техникаҳои ҳарбии Русияро ба самти манотиқи марзӣ бо Украина нишон медиҳанд.

Таҳлилгарон мегӯянд, дар вилояти Воронеж техникаҳои нави ҳарбӣ ҷойгир шуда, низомиён аз Ставропол ба самти Қрим ҳаракат мекунанд. "Бояд гуфт, ки ба минтақаҳои ҳаммарз бо Украина дар баробари низомиён техникаи ҳарбӣ низ бо теъдоди зиёд интиқол дода мешавад", - гуфта шудааст дар матлаби "Conflict Intelligence Team".

Ба гуфтаи таҳлилгарон, интиқоли нерӯҳо нисбатан суст сурат мегирад, вале агар ин раванд то моҳи январи соли оянда идома ёбад, теъдоди умумии онҳо дар марз бо Украина назар ба нишондоди моҳи апрели соли равон хеле зиёд хоҳад шуд.

Владимир Зеленский, президенти Украина пештар гуфта буд, ки дар марзи кишвараш бо Русия наздики 100 ҳазор сарбози рус ҷойгир шудааст. Вай афзуд, кишварҳои ғарбӣ ба Киев иттилоъ доданд, ки артиши Русия дар наздикии марз бо Украина фаъол шудааст.

Ба навиштаи сомонаи "Садои Амрико", ҳаракати артиши Русия дар наздикии марз бо Украина нигаронии Киев ва кишварҳои ғарбиро ба бор овард. Украина ва Ғарб нигаронанд, ки Русия эҳтимол ба Украина ҳамла хоҳад кард. Москва ин эҳтимолҳоро "иғво" номида, аз афзоиши фаъолнокии НАТО дар минтақа изҳори нигаронӣ кард.

XS
SM
MD
LG