Раиси пешини порлумони он кишвар Асилбек Жеенбеков, ноиб-раиси пешини порлумон Торобой Зулфиқоров, ноиб-сарвазири пешини Қирғизистон Тойирбек Сарпашев ва раиси пешини дастгоҳи президент Дониёр Норимбоев то рӯзи 30 январи соли 2022 дар ҳабс мемонанд.
Замони баргузории ҷаласаи додгоҳ тарафдорони сиёсатмадорон пушти дари додгоҳ ҷамъ шудаву озодии онҳоро талаб карданд.
Рӯзи 20 ноябр додгоҳи ноҳияи Якуми май ду сарвазири пешини он кишвар Ҷоомарт Оторбоев ва Темир Сариевро ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист аз ҳабс озод кард. Ин ду сарвазири пешин низ дар доираи парвандаи Қумтор боздошт шуда буданд.
Дар доираи парвандаи мазкур чанд тани дигар аз сиёсатмадорон ва вакилион порлумони Қирғизистон боздошт шудаанд.
Ҳамчунин дар доираи ҳамин парванда президенти пешини Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков ду маротиба ба бозпурсӣ даъват шуд.