Дар ин бора губернатори Кемерово Сергей Сивилёв хабар дод.
Мақомоти Кемерово гуфтанд, ҳамаи зиёндидагон аз дуди оташсӯзӣ заҳролуд шудаанд. Ду тани онҳо дар ҳолати вазнин қарор дорад.
Бино ба иттилои пешакӣ, замони рух додани ҳодиса дар дохили нақб 285 кас ҳузур дошт, ки 236 тани онҳоро берун оварданд. Макони ҷойгиршавии 48 тани дигар то кунун номаълум аст. Эҳтимол меравад, онҳо мустақилона нақбро тарк кардаанд, хабар медиҳанд расонаҳо бо такя ба мақомот.
Таркиш дар умқи 250 метр руз дод. Ҳамчун фарзияи таркиш корношоямии дастгоҳҳо ва сабабҳои табиӣ баррасӣ мешавад, гуфтанд мақомот.