Пештар хабар дода шуд, тамос бо гуруҳи наҷотдиҳандагон, ки иборат аз 4-5 нафар ҳастанд, қатъ шудааст. Ба иттилои канали телеграмии Mash Siberia, онҳо танҳо барои чаҳор соат зарфи кислород доштанд.
Дар нақби ангишти "Листвяжная" рӯзи панҷшанбе таркиш ба амал омада, як кас кушта, 43 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
Мақомоти Кемерово гуфтанд, ҳамаи зиёндидагон аз дуди оташсӯзӣ заҳролуд шудаанд. Ду тани онҳо дар ҳолати вазнин қарор дорад.
Бино ба иттилои пешакӣ, замони рух додани ҳодиса дар дохили нақб 285 кас ҳузур дошт, ки 236 тани онҳоро берун оварданд. Макони ҷойгиршавии 48 тани дигар то кунун номаълум аст. Эҳтимол меравад, онҳо мустақилона нақбро тарк кардаанд, хабар медиҳанд расонаҳо бо такя ба мақомот.
Таркиш дар умқи 250 метр рух дод. Ҳамчун фарзияи таркиш корношоямии дастгоҳҳо ва сабабҳои табиӣ баррасӣ мешавад, гуфтанд мақомот.