Ссылки доступа

Президент Земан Петр Фиаларо раиси ҳукумати Ҷумҳурии Чех таъйин кард


Дар Ҷумҳурии Чех рӯзи 28 ноябр маросими таъйини сарвазири нав сурат гирифт.

Президент Милош Земан раиси Ҳизби шаҳрвандӣ-демократӣ Петр Фиаларо, ки дар эътилоф бо ҳизби "Дарякҷоягӣ" дар интихоботи ахири порлумонӣ пирӯз шуда буданд, сарвазир таъйин кард.

Петр Фиала - сиёсатмадори равияи либерал-муҳофизакор аст. Дар солҳои 2012-2013 вазири маориф, ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Чех буд.

Президент Земан рӯи аробаи маъюбӣ ба маросими таъйини сарвазири нав ҳозир шуд ва аз ҷамъи мардум дур нигаҳ дошта мешуд.

Ҳукумати нави Ҷумҳурии Чех дар рӯзҳои наздик ташкил мешавад. Намояндагони 5 ҳизби сиёсӣ шомили ҳукумати нав мешаванд. Аъзои ояндаи девони вазирони Чех гуфтанд, нисбати Русия ва Чин мавқеи қатъитар хоҳанд гирифт.

XS
SM
MD
LG