Ссылки доступа

Эътирозгарони назди консулгарии Чин дар Қазоқистон боздошт шуданд


Пулиси шаҳри Алмато шаш нафареро, ки 29 ноябр бо талаби раҳоии наздиконашон аз боздоштгоҳҳои Шинҷон дар назди консулгарии Чин дар Қазоқистон даст ба тазоҳуроти бидуни муҳлат заданд, боздошт кардааст.

Фаъоли мадании қазоқ Байболат Кунболатулӣ аз ҷараёни боздошти эътирозгарон навореро дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр кардааст.

"Маъмурони пулис пешакӣ хабар доштаанд, ки меоем ва омодагӣ дидаанд. Вақте аз мошин пиёда шудем, зуд моро боздошт карда, ба мошини худашон савор карданд. Онҳо аз нерӯ кор гирифтанд ва дар натиҷа дасти ман осеб дид. Ангуштам сахт дард мекунад. Табибро даъват карданд", - гуфт яке аз эътирозгарони боздоштшуда бо номи Гулпии Казибек.

Ба гуфтаи ӯ, маъмурони пулис телефонҳои ҳамаи дастгиршудаҳоро мусодира кардаанд.

Иқдоми қазоқтаборон пушти дари консулгарии Чин дар шаҳри Алмато 8 феврали соли ҷорӣ шуруъ шуд. Бархе аз онҳо мегӯянд, пайвандони онҳоро дар Чин дар "урдугоҳҳои бозтарбияи Шинҷон нигаҳдорӣ мекунанд". Бархеи дигар иддао доранд, ки пайвандонашон дар Чин бе айбу асосе ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд. Гуруҳи севум даъво доранд, ки мақомоти Чин ҳуҷҷатҳои пайвандонашонро мусодира карда, ба онҳо иҷозаи тарки Чинро намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG