Ссылки доступа

Шаҳрванди Украина дар Узбекистон "пирамидаи молӣ" таъсис додааст


Пулиси шаҳри Тошканди Узбекистон чанд нафарро бо гумони фиреби шаҳрвандон ва ташкили "пирамидаи молӣ" бо ваъдаи то 260% даромад дастгир кардаанд.

Бино ба иттилои тафтишот, шаҳрванди 29-солаи Украина М.М. 15 январи соли гузашта ширкати "Golden Cash store"-ро бо маслиҳати пешакии гуруҳӣ дар пойтахти Узбекистон таъсис дода, аз муштариён бо ваъдаи то 260% даромади солона маблағ қабул кардааст.

Масъулони ширкат уҳдадориҳои худро дар назди муштариён аз ҳисоби муштариёни нав иҷро мекардаанд.

Дар доираи парванда шаҳрвандони хориҷӣ М.М., В.К., С.Т., А.С. ва Х.С. ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG