Ссылки доступа

Толибон мақбараҳои Навоӣ ва Беруниро бозсозӣ мекунанд


Ҳукумати Толибон барои ҳамкорӣ бо Узбекистон дар мавриди бозсозии мақбараҳои Алишер Навоӣ дар Ҳирот, Зоҳириддин Бобур дар Кобул, Абурайҳон Берунӣ дар Ғазна ва Бобораҳим Машраб дар Тахори Афғонистон изҳори омодагӣ кардааст.

Ба огаҳии Вазорати умури хориҷии Узбекистон, Толибон ин нуктаро 30 ноябр дар мулоқот бо фиристодаи махсуси президенти ин кишвар дар умури Афғонистон Исматулло Эргашев дар Кобул баён доштааст.

Ҳамчунин намояндагони Толибон ваъда додаанд, ки ба омӯзиши забони узбекӣ дар мактаб ва донишгоҳҳои Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда хоҳад шуд.

Дар вохӯрӣ масоили марбут ба вазъи Афғонистон, расонидани кумаки башардӯстона ба мардуми он кишвар ва иҷрои тарҳҳои бузурги зерсохторӣ баррасӣ гаштааст.

XS
SM
MD
LG