Ссылки доступа

Мақомоти қазоқ гуфтанд, дар марги дигарандеш Арон Отабек айбдор нестанд


Муовини раиси Кумитаи иҷрои ҷазои ҷиноии Қазоқистон Мейрам Аюбоев иддаои ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолон, ки мақомоти ин кишварро дар марги дигарандеш Арон Отабек айбдор мекунанд, рад кард.

"Арон Эдигеев (Отабек) аз ҳама гуна озмоишоҳи тиббӣ дар соли 2019 худдорӣ карда буд. Мо аввали соли равон намояндагони Комиссияи назорати ҷамъиятӣ ва табибонро даъват кардем. Онҳо ба ӯ фаҳмонданд, ки бояд назди табиб равад. Дар ин бора ба наздиконаш низ хабар додем. Ба табиб муроҷиат кардан ё накардан ин ҳуқуқи конститутсионии ҳар шахс аст. Дар ниҳоят ӯ розӣ шуд, ки табиб вайро муойина кунад ва 22 сентябри имсол бистарӣ карда шуд. Он замон табибон ӯро чи ташхис гузоштанд, намедонам. Сирри тиббӣ аст. Додгоҳи Павлодар 1 октябр ҳукми зиндони вайро сабуктар кард", - изҳор дошт Аюбоев.

Ҳомиёни ҳуқуқ ва ҷонибдорони Арон Отабек дар марги ӯ мақомоти Қазоқистонро айбдор мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, мақомот вайро танҳо барои танқид зиндонӣ карда буданд.

Шоир ва мухолифи қазоқ, Арон Эдигеев, машҳур бо тахаллуси адабии Арон Отобек, дар 68-солагӣ дар Алмато даргузашт.

Ӯро 20-уми октябри имсол, пас аз тақрибан се ҳафтаи раҳоӣ аз зиндон, дар ҳолати беҳушӣ ба бемористон интиқол дода шуд.

Арон Отобек бо гуноҳи ташкили бетартибиҳои оммавӣ 15 соли умри худро дар зиндон гузаронд, вале ҳеч гоҳ ин иттиҳомро напазируфтааст. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар вайро зиндонии сиёсӣ меномиданд. Якуми октябри имсол аз маҳбас озод шуда буд.

Отобек гуфта буд, дар натиҷаи шиканҷа, латукӯб ва шароити бади нигаҳдорӣ дар зиндон саломатияшро аз даст додааст.

XS
SM
MD
LG