Ссылки доступа

Назарбоев дар ҳаводиси Жанаозен Аблязовро айбдор кард


Президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев собиқ бонкдор ва мухолиф Мухтор Аблязовро, ки дар хориҷ ба сар мебарад, ба ташкили "қатли ом" дар Жанаозени ин кишвар дар соли 2011 айбдор кард.

Назарбоев, дар филме, ки бо номи "QAZAQ: Саргузашти инсони тилоӣ" дар бораи худи ӯ наворбардорӣ шудааст, мегӯяд, дар пушти ташкилкунандагони ҳаводиси хунини Жанаозен Аблязов меистод.

"Кори Аблязов буд. Дар ҷараёни ид ба мардуме ҳамла шуд, ки ҷашн мегирифтанд. Акнун ҳама чи ба мо маълум аст. Мо ҳоло тафтиш мекунем. Пул доданд, арақ нушонданд ва "коктейли Молотов" омода карданд. Ҷашни истиқлол буд ва дар майдони марказӣ барномаи консертӣ ҷараён дошт. Ба онҷо ҳамла карданд. Ба ин қонеъ нашуда, ба шуъбаи пулис низ ҳуҷум намуданд", - изҳор доштааст Назарбоев.

Аблязови 58-сола асосгузори ҳаракати "Интихоби демократии Қазоқистон" аст, ки пайваста тарафдоронашро ба гирдиҳамоиҳо даъват мекунад. Вай ахиран дар Фаронса паноҳгоҳи сиёсӣ пайдо кард. Дар Қазоқистон ӯро дар куштор ва ғорати 7,5 миллиард доллари бонки таҳти роҳбарияш - БТА - айбдор ва ба ҳабси абад маҳкум кардаанд. Худи Аблязов ин айбҳоро рад ва сиёсӣ унвон мекунад.

XS
SM
MD
LG