Ссылки доступа

Қирғизистон соли 2022 аз Туркманистон барқ хариданист


Қирғизистон бо ҷониби Туркманистон роҷеъ ба харидории нерӯи барқ дар соли 2022 гуфтугӯ менамояд.

Дар ин бора 3 декабр дар ҷараёни ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Қирғизистон ва Туркманистон хабар дода шудааст.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии Вазорати энергетикаи Қирғизистон, ҷаласаи комиссия дар шакли онлайнӣ баргузор шуда, дар он раҳбари ин ниҳод Доскул Бекмурзоев гуфтааст, Бишкек барои тақвияти тавонмандии энергетикии худ талош дорад.

Бояд гуфт, моҳи июни соли 2021 дар ҷараёни сафари президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба Туркманистон миёни кишварҳо барои хариду фурӯши барқ созишномае ҳосил шуда буд.

XS
SM
MD
LG