Ссылки доступа

Нилуфар Раҷабоваро ба ифротгароӣ гумонбар кардаанд


Нилуфар Раҷабова

Духтари як узви зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба ифротгароӣ гумонбар шудааст.

Нилуфар Раҷабова, духтари Раҳматуллои Раҷаб, гуфт, мақомоти Тоҷикистон ба зидди ӯ бар асоси моддаи "ифротгароӣ бо истифода аз Интернет" (қисми дуи моддаи 307(1)-и Кодекси ҷиноӣ) парванда кушодаанд. Ин банди қонун аз панҷ то даҳ сол ҷазоро дар назар дорад.

Хонум Раҷабова дар ҳоли ҳозир дар берун аз Тоҷикистон аст ва мегӯяд, мақомот пайвандонашро дар Душанбе бо парванда шинос кардаанд.

Мақомот барои шарҳи хабар то ин дам дастрас набуданд. Маълум нест, ки парванда дар робита ба кадом ҳодиса боз шудааст.

Нилуфар Раҷабова рӯзи 2-юми декабр гуфт, маъмурони амниятӣ ба бародару хоҳараш сабаби ифтитоҳи парвандаро ба суҳбатҳои ӯ дар шабакаҳои наздик ба мухолифин рабт додаанд. "Ба пайвандонам гуфтаанд, агар танҳо дар саҳифаи худаш навори суҳбатро мегузошт, гапе намешуд. Дар шабакаи "хоинҳо" баромад кардааст ва ин ҷиноят аст," – нақли қавл кард ӯ.

Хонум Раҷабова тасдиқ кард, ки рӯзи 18-уми ноябри имсол дар "Паём.нет", шабакаи марбут ба мухолифини тоҷик, дар бораи ба ШИЗО ё утоқи ҷаримавии маҳбас бурда шудани падараш, Раҳматуллои Раҷаб, суҳбат кардааст, аммо онро ғайриқонунӣ намедонад.

Додгоҳи олии Тоҷикистон шаш сол пеш фаъолияти ҲНИТ ва шабакаҳои марбут ба онро дар кишвар мамнуъ карда, ҳизбро террористӣ номид. Паймони Миллӣ, эътилофи созмонҳои мухолифин, низ дар рӯйхати созмонҳои мамнуъст. Мухолифин дар хориҷа ин айбномаро ҳамвора сохтаву бепоя ва баҳонае барои рондани онҳо аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон медонанд.

Раҳматуллои Раҷабро соли 2015 боздошт ва ба 28 сол зиндон маҳкум карданд. Ӯ моҳҳои охир ба камияш ду бор аз мақомоти Тоҷикистон бозбинии ҳукмашро хостааст.

Номи Нилуфар Раҷабова бори аввал соли 2019, замоне расонаӣ шуд, ки барои доштани рӯсарӣ боздошт шуда, ҷарима пардохт. Ӯ се фарзанд дорад ва дуи онҳо ба бемории шикасти устухон гирифторанд.

Созмонҳои байнулмилалӣ борҳо аз таъқибу бозпурсии пайвандони фаъолони сиёсӣ дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, аз мақомот хостаанд, фишор болои онҳоро бас кунанд. Мақомот ҳамвора фишор ба хонаводаҳои фаъолони сиёсиро инкор кардаанд.

XS
SM
MD
LG