Ссылки доступа

BYPOL: Хонаводаи Боқиев ба Лукашенко $1,6 млн пора додааст


Иттиҳоди қудратиҳои Белорус (BYPOL) 3 декабр дар бораи онҳое, ки ба президенти ин кишвар Александр Лукашенко ришва додаанд, таҳқиқотеро нашр кард.

Бино ба маълумоти иттиҳод, хонаводаи президенти пешин ва фирории Қирғизистон Курмонбек Боқиев, аз ҷумла ҳамсари писари хурдияш Айжан Кененбоева аз нигоҳи ҳаҷми пора дар рӯйхат дар мақоми дувум меистад. Муаллифони таҳқиқот гуфтаанд, келини Боқиев соли 2018 ба Лукашенко мошини навъи Mercedes-Maybach S600 Pullman Guard "туҳфа" кардааст, ки на камтар 1,4 млн евро арзиш дорад.

Президенти фирории Қирғизистон ҳамчунин бе Лукашенко мототсикли "Harley-Davidson", 26, 5 ҳазор доллар арзиш дорад, туҳфа кардааст.

BYPOL қайд кардааст, ки туҳфаҳо барои "ҳимояту пинҳон доштани хонаводаи Боқиевҳо дар Белорус ва посухи рад додан ба дархостҳои истирдоди Бишкек" тақдим шудаанд.

Рӯзи 7-уми апрели соли 2010 дар Қирғизистон дувумин инқилоби мардумӣ аз замони касби истиқлоли он кишвар рух дод. Дар натиҷаи инқилоб президенти вақти он кишвар Қурмонбек Боқиев ҳамроҳ бо пайвандонаш аз Қирғизистон фирор кард.

XS
SM
MD
LG