Ссылки доступа

Президенти Туркманистон "барномаи зиддибуҳронӣ"-ро имзо кард


Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки буҳрони ҷории иқтисодӣ дар кишварашро эътироф намекунад, "барномаи зиддибуҳронӣ"-еро имзо кардааст.

Лоиҳаи барномаро писари Бердимуҳаммадов - Сардор Бердимуҳаммадов, ки ноиб-сарвазир дар умури иқтисодӣ, масоили бонкӣ ва созмонҳои байналмилалии молӣ аст, 3 декабр дар ҷаласаи Девони вазирони Туркманистон пешниҳод карда буд.

Дар лоиҳа маҷмуи тадбирҳое зикр шудааст, ки барои коҳиши таъсири вазъи ҷаҳонӣ ба иқтисоди Туркманистон дар соли 2022 равона гаштаанд.

Дар хабарҳои расмӣ барномаи мазкурро "зиддибуҳронӣ" меноманд. Дар ҳоле ки ҳукумати Туркманистон буҳрони иқтисодии ҷорӣ дар ин кишварро чандин сол мешавад, эътироф намекунад.

XS
SM
MD
LG