Ссылки доступа

Озарбойҷон даҳ сарбози асири арманиро раҳо кард


Озарбойҷон даҳ сарбози арманиро, ки нимаи моҳи ноябр дар пайи як задухӯрд боздошт карда буд, ба Арманистон супурдааст.

Арманистон дар иваз харитаи заминҳои минкоришуда дар чанд ноҳияи Қарабоғи Кӯҳиро ба Озарбойҷон дод, ки то соли гузашта зери назораташ буданд.

Мақомоти Озарбойҷон хабар дод, ки ин амал бо миёнаравии Вазорати мудофиаи Русия анҷом шудааст.

Рӯзи 16-уми ноябри соли ҷорӣ миёни низомиёни Озарбойҷон ва Арманистон задухӯрд рӯх дод. Ҷанг бо дахолати Русия хатм шуд.

Озарбойҷон аз ҳалокати 7 сарбоз ва Арманистон аз 6 сарбоз хабар дода буданд.

Никол Пашиниён, сарвазири Арманистон гуфта буд, ки эҳтимол наздики 30 сарбози Арманистон асир афтодаанд.

Соли гузашта низ дар пайи задухурд миёни ду кишвар даҳҳо нафар захмӣ ва кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG