Ссылки доступа

Бештар аз 150 мақомдори қазоқистониро барои "фасодкорӣ" ҷазо додаанд


Дар Қазоқистон, аз моҳи январ то ноябри соли ҷорӣ, 159 мақомдорро бо айбҳои марбут ба фасодкорӣ ба ҷавобгарӣ кашидаанд.

Аз мақомоти мубориза бо фасодкории Қазоқистон гуфтанд, дар 11 моҳи соли ҷорӣ 1567 ҷинояти коррупсионӣ сабт кардаанд. Аз ин ҳисоб 1280 шаҳрванд ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб шудааст, ки 159 тани онҳо мақомдорони сатҳи ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ ҳастанд. Дар натиҷаи, бештар аз 20 миллиард танга ба буҷаи давлат баргардонида шудааст.

Дар Қазоқистон гоҳу ногаҳ дар бораи боздоштҳои пурсарусадои мансабдорон, бо айби фасодкорӣ, хабар дода мешавад. Бархе аз парвандаҳо то додгоҳ мерасанд, аммо ҳатто дар сурати исботи айб ва содир шудани ҳукми додгоҳ, маҳкумшудаҳо афв ва ё пеш аз муҳлат аз зиндон озод мешаванд.

Дар Ташхиси муқобила бо фасодкории созмони байналхалқии Transparency International, ки моҳи январи соли ҷорӣ нашр шуд, Қазоқистон миёни 180 кишвар дар мақоми 94 қарор гирифта буд.

XS
SM
MD
LG