Ссылки доступа

Дар таркиши як маркази тиҷорӣ дар Узбекистон 1 кас кушта, 9 тани дигар маҷруҳ шуд (видео)


Субҳи 7 декабр дар маркази тиҷорие дар шаҳри Деҳнави вилояти Сурхандарёи Узбекистон таркиш рух дод.

Дар ин таркиш як кас кушта, 9 тани дигар маҷруҳ шуд, хабар доданд аз вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон.

Таркиш соати 3:57 дақиқаи субҳ рух дод. Таркиш дар бинои дуошёнаи "Инденим" дар маркази Деҳнав сар зад. Баъди таркиш оташсӯзӣ рух дода, яке аз деворҳои бино фурӯ рехтааст.

"Дар натиҷа зери девори фурӯрехта як кас кушта, 9 тани дигар дар бемористон бистарӣ шудааст", - хабар медиҳад вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон. Сабабҳои таркиш айни замон хабар дода намешавад.

XS
SM
MD
LG