Ссылки доступа

Ду шаҳрванди Қазоқистон даъво доранд, дар Гурҷистон дар асорати меҳнатӣ буданд


Дам Жайлаубек ва Акжол Агибай - ду шаҳрванди Қазоқистон гуфтанд, наздики 3 моҳ дар Гурҷистон дар асорат буданд.

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар дод, ки онҳоро наҷот дода, айни замон дар макони амн қарор доранд ва ба зудӣ ба Қазоқистон ирсол мешаванд.

Жайлаубеки 18-сола гуфт, моҳи августи имсол тавассути миёнаравии дӯстонашон барои кор ба Дубай рафтанд. Баъдтар корфармо онҳоро ба шаҳри Киеви Украина ва аз он ҷо ба Гурҷистон ирсол кард.

"Ба шаҳри Батумии Гурҷистон оварданд. Онҷо таҳти назорати чиноиҳо будем. Моро маҷбур мекарданд, ки 24 соат кор кунем, латту кӯб мекарданду ғизои дуруст ҳам намедоданд", - гуфт Жайлаубек.

Ду шаҳрванди Қазоқистон таҳти назорати чиноиҳо ба тартиб додани ҳуҷҷатҳои хариду фурӯши шартӣ машғул буданд. Онҳоро замоне озод карданд, ки пулиси Гурҷистон гумонбарон дар тиҷорати одамонро боздошт кард. Ҳоло ин ду шаҳрванди Қазоқистон дар доираи парвандаи хариду фурӯши одамон ҳамчун шоҳид ширкат мекунанд.

XS
SM
MD
LG