Ссылки доступа

Дар Самарқанд аъзои дарунии як кӯдаки фавтидаро гирифтанд


Модари як кӯдак, ки дар яке аз таваллудхонаҳои хусусӣ дар Самарқанди Узбекистон тобистони соли ҷорӣ фавтид, пизишконро дар бераҳмӣ айбдор мекунад.

Розагул Куканова, модари кӯдаки фавтида мегӯяд, "дар таваллудхона аъзои дарунии тифлашро гирифтаанд".

Куканова ҳамроҳ бо шавҳараш додситонии шаҳри Самарқандро дар талоши пӯшонидани ин парванда айбдор мекунад. Дар додситонии даъвоҳои Кукановаро рад карданд.

Розагул Куканова рӯзи 15 июли соли 2021 дар таваллудхонаи хусусие дар шаҳри Самарқанд тифли мурдае таваллуд кард.

Волидони кӯдак ба додситонӣ аз хунукназарии пизишкон шикоят бурданд. Дар натиҷаи ташхиси мустақилона маълум шудааст, ки аъзои дарунии кӯдак мавҷуд нест.

Волидони кӯдак мегӯянд, додситонии Самарқанд ду маротиба таҳқиқи пешакии парвандаро қатъ кардааст.

Дар додситонии шаҳри Самарқанд гуфтанд, асосе барои кушодани парванд дар пайи ин ҳодиса мавҷуд нест.

XS
SM
MD
LG