Ба иттилои хадамоти матбуотии сарвазир, дар ҷараёни ин сафар баргузории як қатор мулоқотҳои дуҷониба дар назар аст.
Оқилбек Жапаров моҳи ноябри соли равон дар ҳошияи ҳамоиши иқтисодии "Иттиҳоди Аврупо - Осиёи Марказӣ" дар шаҳри Бишкек бо сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин дидору гуфтугӯ карда буд.
Яке аз мавзуъҳои мулоқот боз кардани гузаргоҳҳои марзии Қазоқистон барои қирғизистониҳое буд, ки зидди коронавирус эм шудаанд. Дар натиҷа қарор шуд, ки вазорату идораҳои дахлдори ду кишвар масъалаи мазкурро баррасӣ кунанд.
Гузаргоҳҳои марзии Қирғизистону Қазоқистон аз баҳори соли 2020 барои қирғизистониҳо баста мебошад. Шаҳрвандони Қирғизистон танҳо тавассути ҳавопаймо метавонанд ба Қазоқистон сафар кунанд. Дар ҳоле ки барои гузаштани шаҳрвандони Қазоқистон аз гузаргоҳҳои Қирғизистон ҳеч гуна маҳдудият пешбинӣ нашудааст.