Ссылки доступа

AP: ИМА ба Украина пешниҳод мекунад, дар масъалаи Донбасс гузаштҳое кунад


ИМА ба Украина пешниҳод мекунад, то ба минтақаи шарқии ин кишвар, ки зери идораи ҷудоихоҳони мавриди ҳимояти Русия қарор дорад, "дараҷаи муайяни худмухторӣ" диҳад.

Дар ин бора хабаргузории Associated Press (AP) бо истинод ба намояндаи маъмурияти президенти ИМА иттилоъ додааст.

Хабаргузорӣ гомҳои эҳтимолии Байденро дар пасманзари ташаннуҷи низоъ миёни Русия ва Украина баррасӣ кардааст. Ба навиштаи хабаргузорӣ, Вашингтон бо кори мушкиле рӯбарӯ мешавад. Аз як тараф бояд Украинаро ба баъзе гузаштҳо дар Донбас розӣ кунад ва аз тарафи дигар бояд коре кунад, ки он маънои пирӯзии президенти Русия Владимир Путинро надошта бошад.

Ба гуфтаи сафири пешини ИМА дар Киев Стивен Пайфер, эҳтимол аст, ба минтақаи шарқии Украина - Донбасс худмухторӣ дар бахши тандурустӣ, маориф ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дода шавад.

"Вашингтон Киевро ба бардоштани гомҳое водор намекунад, ки соҳибихтиёрии онро зери хатар гузорад", - афзудааст Пайфер.

AP менависад​, Украина омодааст, дар қонунгузорӣ хусусияти забонӣ ва фарҳангӣ дар Донбассро ба инобат гирад, вале мухолифи додани ҳаққи "вето" дар қабули тасмимҳои умумимиллӣ ба минтақа аст.

XS
SM
MD
LG