Ссылки доступа

Мирзиёев дастур дод, дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ "Узбекистони нав" бунёд карда шавад


Дар минтақаҳои наздик ба маркази шаҳру ноҳияҳои Узбекистон, ки талабот ба хона бештар аст, 29 маҷмааи зист бо номи "Узбекистони нав" бунёд карда мешавад.

Ба огаҳии Вазорати адлияи Узбекистон, дар ин бора 9 декабр фармони президенти он кишвар Шавкат Мирзиёев ба имзо расидааст.

Тибқи фармон, дар 29 маҳалла бо номи "Узбекистони нав" ҷамъан 618 бинои баландошёнаи зист (21 ҳазору 619 ҳуҷра), 18 мактаб, 24 боғча ва 15 бунгоҳи тиббӣ бунёд карда хоҳад шуд.

Манбаъ афзуда, ки барои бунёди ин маҳаллаҳо 489 га замин ҷудо мегардад.

Пештар Мирзиёев дар як ҷаласаи видеоии худ хабар дода буд, ки дар ҳамаи минтақаҳои он кишвар маҳаллаҳои "Узбекистони нав" бунёд карда мешавад. Ӯ ваъда дод, ки баъди бунёди ин маҳаллаҳо беш аз 250 хонавода бо манзили зист таъмин мегардад.

XS
SM
MD
LG