Ссылки доступа

Тоқаев ба духтар ва атрофиёни Нурсултон Назарбоев орден дод


Президент Қосимҷомарт Тоқаев бахшида ба 30-солагии истиқлоли Қазоқистон "як гуруҳи бузурги мансабдорон"-ро барои "саҳми назаррасашон дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар" бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ кард.

Дар миёни ин гуруҳи мансабдорон атрофиёни наздики президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дида мешавад.

Бо ордени Барис, дараҷаи I вакили маҷлиси порлумони Қазоқистон ва духтари Назарбоев Дариға Назарбоева, раиси пешини Кумитаи амнияти миллӣ Нуртой Абикаев, ректори Донишгоҳи миллии аграрӣ Тлектес Есполов, падари Асел Курманбоева, ки аз ӯ ҳамчун "ҳамсари севум"-и Назарбоев ном бурда мешавад, қадрдонӣ шудаанд.

Ҳамчунин олигарх Александр Машкевич, ҳаммолики ширкати ENRC (Eurasian Natural Resources Corporation) бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардидааст.

Ба як қатор мансабдорони дигар бо шумули раиси сенати порлумони Қазоқистон Маулен Ашимбоев ва вазири умури дохилии ин кишвар Ерлан Тургумбоев ордени "Барис, дараҷаи II" додаанд.

XS
SM
MD
LG