Ссылки доступа

Размкори узбек ба ангехтани низоъ дар мусобиқаи Москва айбдор мешавад


Мусобиқаи муҳорибаҳои омехта (ММА) дар шаҳри Москваи Русия бо занозанӣ анҷом ёфт.

Тибқи видеоҳое, ки 11 декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуданд, ба сар задани занозанӣ размкори узбек сабаб шудааст.

Размкори узбек Намазан Самиев баъди пирӯзӣ дар мусобиқа эълом кардааст, ки бо дилхоҳ шахс метавонад ба майдон барояд. Тамошобинон низ зуд ба ӯ рақиб пайдо карданд, вале варзишгари узбек дар рафти рақобат қоидаро вайрон кард. Дар натиҷа беш аз 50 тамошобин ба майдон баромада, занозанӣ карданд.

Ҷузъиёти ҳодиса гуфта намешавад.

Пештар хабаргузории русии "Интерфакс" хабар дод, ки размкори дигари узбекистонӣ Бунёд Тухтаев, ки 10 декабр дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия корманди пулисро латтукӯб карда буд, таҳти пайгарди қонунӣ қарор дода шудааст. Тухтаев 8 декабр баъди латтукӯби маъмури пулис боздошт шуда буд, вале дубора фирор кард.

XS
SM
MD
LG