Ссылки доступа

Додгоҳе дар Нурсултон фаъоли ҷамъиятӣ Саул Сайидаҳмадоваро 10 рӯз ҳабс кард


Рӯзи 13 декабр додгоҳе дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон фаъоли ҷамъиятӣ Саула Сайидаҳмадоваро бо айби ширкат дар гирдиҳамоии ғайриқонунӣ 10 рӯз ҳабс кард.

Сайидаҳмадова дар гидиҳамоии кормандони кранҳои борбардор давоми соли ҷорӣ ширкат кардааст. Моҳи январи соли ҷорӣ вай бо айби "даъват ба гирдиҳамоии ғайриқонунӣ" 10 рӯз ҳабс шуда буд. Сайидаҳмадова он замон гуфта буд, ки аз сӯи неруҳои қудратӣ латту кӯб шудааст.

Дар остонаи рӯзи 16 декабр дар Қазоқистон чанд фаъоли ҷамъиятӣ боздошту ҳабс шудааст. Рӯзи 16 декабр ҳамроҳ бо Рӯзи истиқлоли Қазоқистон ду санаи фоҷиабори дигари таърихӣ ёд мешавад: Ҳаводиси декабрии соли 1986 дар шаҳри Алмато ва ҳаводиси Жанаозен дар соли 2011.

Моҳи декабри соли 1986 ҳукумати шӯравӣ ҷавонони қазоқистониро бо зур пароканда кард, ки зидди таъйини номзади Москва Геннадий Колбин ба мақоми котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Қазоқистон гирди ҳам омада буданд.

16 декабри соли 2011 мақомот эътирози чандинҳазораи коргарони ширкатҳои нафт дар шаҳри Жанаозенро пароканда кард. Пулис ва кормандони амниятӣ сӯи эътирозгарон оташ кушоданд. Ба иттилои расмӣ, дар он ҳодиса 17 кас кушта, бештар аз сад тан ҷароҳат бардошт. Сокинони маҳаллӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ бовар доранд, ки шумори кушташудаҳо ва маҷруҳон бештар аз оморҳои расмӣ аст.

XS
SM
MD
LG