Ссылки доступа

Хариди электробусҳо: вакилони Қирғизистон зидди пардохти $3 млн барои машваратҳо ҳастанд


Намояндагони шаҳрдории Бишкек ва вазорати молияи Қирғизистон рӯзи 13 декабр дар ҷаласаи порлумони он кишвар тарҳи созишномаи хариди 120 электробус ё автобусҳои барқиро бо Бонки осиёии рушд муаррифӣ карданд.

Руслан Татиков, муовини вазири молияи Қирғизистон гуфт, ки бонк ба Қирғизистон барои 32 сол, бо 1,5 фоизи солона, 25 млн доллар қарз медиҳад.

Арзиши умумии тарҳ 59 млн доллар аст, ки 25 миллиони дигарро бонк ҳамчун грант медиҳад ва саҳми Қирғизистон ҳамагӣ 9 миллионро дар бар мегирад. Тарҳ барои 3 сол пешбинӣ шуда ва соли 2024 ба поён хоҳад расид.

Намояндаи шаҳрдорӣ гуфт, 120 электробус дар 5 самт рафту омад мекунад ва бо маблағи Бонки осиёии рушд зерсохторҳо, аз ҷумла таҷдиди таваққуфгоҳи автобусҳо ва азнавсозии бархе чаҳорроҳаҳо дар назар аст.

Дар порлумони Қирғизистон гуфта нашуд, ки ин автобусҳо аз кадом кишвар харидорӣ мешаванд.

Ирина Карамушкина, вакили порлумони он кишвар гуфт, ки маблағ барои машварат дар доираи тарҳ хеле зиёд пешбинӣ шудааст.

"Шумо 120 электробус мехаред, аммо онҳо ҳамаи шаҳрро фаро намегиранд. Оё ин арзиши гирифтани чунин қарзро дорад? Барои идораи тарҳ шумо 500 ҳазор доллар ва барои хадамоти машваратӣ 3 млн доллар пешбинӣ кардаед. Чарои хидматрасонӣ чунин гарон аст?", - пурсид вакили порлумон.

Вакилони дигар аз Карамушкина ҷонибдорӣ карданд.

Баъди баррасиҳо вакилон ба вазорати молия дастур доданд, ки масъалаи кам кардани хадамоти машваратиро коркард кунад.

XS
SM
MD
LG