Ссылки доступа

Аскар Оқоев дубора ба Қирғизистон рафт


Президенти пешини Қирғизистон Аскар Оқоев субҳи 14 декабр вориди шаҳри Бишкек шуд.

Гуфта мешавад, сафари дувуми Оқоев ба Бишкек дар ним соли ахир ба тафтиши парвандаи кони тилои "Қумтор" рабт дорад. Як манбаъ ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, президенти пешини Қирғизистон чанд рӯз дар Бишкек мемонад ва ба суоли муфаттишони Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар посух хоҳад гуфт.

Қумтор калонтарин кони тилои Қирғизистон аст. То чанде пеш ин конро ширкати канадагии Centerra Gold Inc. коркард мекард. Ҳамагӣ 26 дарсади саҳмияҳо кон ба Қирғизистон рабт дошт. Қумтор 10 дарсади Маҷмуи маҳсулоти дохилии Қирғизистон ва 20 дарсади саноати он кишварро таъмин мекунад.

Аскар Оқоев бори нахуст 2 августи соли равон ғайриинтизор аз Москва ба Бишкек парвоз кард ва худи ҳамон рӯз аз рӯи парвандаи кони Қумтор ба саволҳои журналистон посух дод. Оқоеви 76-сола, ки 16 соли охир, баъди тарки мақоми президентӣ ва фирор аз инқилоби лолаии Қирғизистон дар Русия зиндагӣ мекард, бо вуҷуди ҷустуҷӯву талаби мақомот ба истирдодаш, ҳеҷ гоҳ ба ватан барнагашта буд.

Дар Қирғизистон 24-уми марти соли 2005 эътирозҳои мардумӣ оғоз шуда, Аскар Оқоев пас аз 15 соли раҳбарии ин кишвар маҷбур шуд, ба хориҷ фирор кунад. Хонаводаи Оқоевҳо ба Русия паноҳ бурда, то ҳол ба ватан барнагаштаанд ва дар онҷо зиндагӣ мекунанд. Баъди фирори Оқоев зидди аъзои хонаводаи ӯ парвандаҳои ҷиноӣ кушода шуд.

XS
SM
MD
LG