Ба гуфтаи Сой, сатҳи гирифторӣ ба коронавирус дар давоми ду ҳафтаи ахир дар Қазоқистон 31 дарсад поин рафтааст ва шумори мубталоён низ дар давоми моҳ ду баробар камтар шудааст. Дар ҳоли ҳозир танҳо 23 ё 20 дарсади кати беморхонаҳо банд будааст.
Вазири тандурустии Қазоқистон ҳамчунин афзуда, ки риоияи низоми ниқобпӯшӣ ва фосилаи иҷтимоӣ дар кишвар бояд идома ёбад. Ӯ хост, раванди эмкунии шаҳрвандон низ тезонида шавад.
Бино ба иттилои расмӣ, то ҳол 8,3 миллион шаҳрванди Қазоқистон эм шудаанд.